Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Биҳиштӣ:"Дар эътирозҳои Эрон 69 тан кушта шудаанд"


Мушовири аршади раҳбари мухолифини Эрон Мирҳусайни Мӯсавӣ гуфт, дар ҷараёни эътирозҳои баъдазинтихоботӣ дар Эрон 69 нафар кушта шуданд. Мухолифин мегӯянд, интихоботи рӯзи 12 июн, ки Маҳмуди Аҳмадинажод барандааш эълон шуд, тақаллуб шуда буд.
Мақомот мегӯянд, дар ҷараёни ошӯбҳо ҳудуди 30 нафар кушта шуданд, вале Алиризо Биҳиштӣ гуфт, ки ӯ рӯйхати 69 нафареро, ки зимни саркӯб кардани эътирозҳо ба ҳалокат расидаанд, ба парлумон супурдааст.
Эрон алакай беш аз 100 нафарро бо иттиҳоми даст доштан дар ошӯбҳои пасоинтихоботӣ ба додгоҳ кашонидааст. Мухолифин ин мурофиаҳоро “намоишӣ” меноманд.
XS
SM
MD
LG