Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интиқоди RSF аз ҳукми зиндони хабарнигори қазоқ


Созмони “Хабарнигорони бидуни марз” гуфт, аз 3 сол ҳукми зиндони сардабири як нашрияи қазоқӣ бо иттиҳоми нашри асноди махфӣ “таккон” хӯрдааст.
Рамазон Есергепов рӯзи шанбеи гузашта бо ҷурми нашри номае, ки равобити як тоҷир бо кумитаи амнияти миллиро ифшо мекард, ба 3 соли зиндон маҳкум шуд. “Хабарнигорони бидуни марз” мегӯяд, ки ин ҳукм асли озодии баён ва демократияро зери по мекунад ва бояд лағв шавад.
XS
SM
MD
LG