Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай умедвори ором гузаштани интихобот аст


Раисиҷумҳури кунунӣ ва яке аз номзадҳо дар интихоботи рӯзи 20 августи Афғонистон Ҳомиди Карзай гуфт, Толибон тавони тахриби ин маъракаро надоранд. Карзай дирӯз дар Кобул гуфт, интихоботи 20 август ба оромӣ сипарӣ хоҳад шуд. Ӯ ширкат дар ин маъракаро барои мардуми Афғонистон ҳаётан муҳим хонд.
Ин дар ҳолест, ки Толибон ба тахриби интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва шӯроҳои вилоятии Афғонистон даъват кардаанд. Тайи фақат 3 рӯзи охир дар Афғонистон 7 сарбози афғониву хориҷӣ, бо шумули 3 амрикоӣ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG