Пайвандҳои дастрасӣ

Далоили қатъи пахши барномаҳои Радиои "Имрӯз"


Сар аз дирӯз дар Тоҷикистон пахши барномаҳои радиои мустақили "Имрӯз" қатъ шудааст. Масъулони ин расона гуфтаанд, сар аз 27-уми июл дар пахши барномаҳои радиои "Имрӯз" мушкилиҳо пеш омада, ду ҳафтаи ахир ин барномаҳо аз фиристандаҳои эҳтиётӣ пахш мешуданд. Мақомоти ширкати саҳҳомии "Телерадиоком" гуфтаанд, қатъи пахши барномаҳои "Имрӯз" ба иллати фаннӣ рӯй дода, ин ҳодиса ҷанбаи сиёсӣ надорад. Ин бори дувум аст, ки барномаҳои радиои "Имрӯз" мутаваққиф мешавад. Як сол пеш ва боз ҳам дар остонаи нахустин солгарди таъсиси ин радио дар моҳи август пахши барномаҳои он ба муддати 15 рӯз қатъ гашта буд.
Нусрат Нозирӣ, як хабарнигори Радиои “Имрӯз” ба Радиои Озодӣ пиромуни далоили қатъ шудани пахши барномаҳои ин расона гуфт, бо вуҷуди мушкилоти пешомада ҳадди ақал то 11 август барномаҳои Радиои Имрӯз дар Душанбе шунида мешуд, вале баъдан мавҷи Эфэми 107 нуқта 4, ки барномаҳои Радиои Имрӯз дар ҳамин мавҷ пахш мешуд, якбора хомӯш шуд.
Мақомоти ширкати “Телерадиоком” аз шарҳи масъалаи худдорӣ варзидаанд. Вале раиси ин ширкат Сӯҳроб Алиев гуфтааст, ки пахши барномаҳои Радиои Имрӯз ба далоили фаннӣ муттаваққиф шудааст. Оқои Алиев аз ҷумла ба вуҷуди мушкил дар пахши садо дар минтақаи Гусхор, мақари фиристандаҳои Радиои Имрӯз, ишора кардааст.
Мақомоти Радиои Имрӯз низ ба Бӣ Бӣ Сӣ гуфтаанд, ин радио пули иҷора ва ҳаққи пардохти пахши барномаҳояшро ба “Телерадиоком” саривақт мепардохт ва фикр намекунанд, ки мушкил ҷанбаи молӣ дошта бошад. Радиои Имрӯз, марбут ба ширкати Ориён-медиа ду сол пеш, дар таърихи 9 августи соли 2007 ба пахши барномаҳояш рӯи мавҷи 107 нуқта 4 оғоз кард ва пахши гуфторҳояш ҳамагӣ ду рӯз баъд аз солгарди дуввуми таъсиси ин радио мутаваққиф шуд.
XS
SM
MD
LG