Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли боз ду фаъоли ҳуқуқи башар дар Чеченистон


Дар ҷумҳурии ҷангзадаи Чеченистони Русия як фаъоли шинохта ҳуқуқи башар ҳамроҳ бо шавҳараш кушта шуд. Сухангӯи додситонии Русия гуфт, аҷсоди тирхӯрдаи Зарема Саъдуллоева ва Алик Ҷабраилов чанд соат баъд аз рабуда шудани онҳо аз коргоҳашон дар Грозний, пойтахти Чеченистон аз дохили мошини онҳо ёфт шуд.
Қатли Зарема Саъдуллоева ва шавҳараш дар ҳолест, ки аз кушта шудани Наталя Эстемирова, боз як фаъоли маъруфи ҳуқуқи башар дар Чеченистон камтар аз як моҳ гузаштааст.
Ҳомиёни ҳуқуқи башар раҳбари Чеченистон Рамазон Қодировро дар раҳбарии мавориди нақзи ҳуқуқи инсон дар ин минтақа шарик медонанд. Худи Қодиров мегӯяд, аз кушторҳои ахир таккон хӯрдааст ва хостори ба масъулият кашонидани масъулони ин қатлҳо шуд.
XS
SM
MD
LG