Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи қотилони шаҳрванди тоҷик ба додгоҳ рафт


“Сова”, як маркази маъруфи дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Русия, мегӯяд, ахиран парвандаи як гурӯҳи ҷавонон, бо шумули ду ноболиғ, ки ба қатли шаҳрванди Тоҷикистон дар заминаи адовати қавмӣ муттаҳам мешаванд, ба додгоҳи вилояти Новосибирск ирсол шуд. Ду муттаҳами аслӣ дар ин куштор ба авбошии гурӯҳӣ ва қатли гурӯҳӣ дар заминаи адовати қавмӣ айбдор мешаванд. Боқӣ аъзои ин гурӯҳро ба латукӯб низ дар заминаи адовати қавмӣ муттаҳам кардаанд. Тафтишот мегӯяд, аъзои ин гурӯҳи қавмгаро дар моҳи октябри соли гузашта як шаҳрванди Тоҷикистонро то мурдан латукӯб кардаанд.
XS
SM
MD
LG