Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки-мун озодии фаврии Аун Сан Су Чиро талаб кард


Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Бан Ки-мун, ба озодии фаврӣ ва беқайду шарти раҳбари мардумсолор Аун Сан Су Чӣ даъват кард. Ин даъвати ӯ дар ҳоле садо дод, ки додгоҳи Мянмар мӯҳлати ҳабси хонагии Сан Су Чиро ба 18 моҳи дигар дароз кард. Барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел ба он айбдор шуд, ки марди амрикоие дар моҳи май бо шино аз кӯл ба манзили вай ворид гаштааст. Бан Ки-мун ин ҳукмро шадидан танқид кард ва Иттиҳоди Аврупо гуфт, бо "чораҳои иловагии ҳадафмандона" ба режими Мянмар посух хоҳад дод. Сан Су Чӣ наздик ба 14 соли охирро дар ҳабси хонагӣ ба сар бурдааст.
XS
SM
MD
LG