Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай мегӯяд, интихобот осоишта хоҳад гузашт


Раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай, мегӯяд, Толибон нахоҳанд тавонист, интихоботи президенти ҳафтаи ояндаи ин кишварро ба ҳам зананд. Вай ба тарафдоронаш дар ҷаласе дар Кобул гуфт, раъйдиҳии 20-уми август орому осоишта ҷараён хоҳад ёфт. Толибон таҳдид кардаанд, ки ба интихобот дар чанд минтақаи кишвар монеъ хоҳанд шуд. Ахиран онҳо ба як шӯъбаи полис дар вилояти Лугар ҳамлаи муташаккилона анҷом доданд.
XS
SM
MD
LG