Пайвандҳои дастрасӣ

Танқидҳои ҷаҳонӣ аз ҳукми додгоҳи Мянмар


Ҳукми додгоҳи Мянмар, ки раҳбари мардумсолор Сан Су Чиро дар нақзи қонуни амният айбдор ва ба 18 моҳи ҳабси хонагӣ маҳкум кард, танқидҳои шадиди байнулмилалиро ба миён овард. Барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел ба он айбдор шуд, ки марди амрикоие дар моҳи май бо шино аз кӯл ба манзили вай ворид гаштааст. Иттиҳоди Аврупо гуфт, бо "чораҳои иловагии ҳадафмандона" ба режими Мянмар посух хоҳад дод. Сарвазири Британия, Гордон Браун, Шӯрои Амниятро ба таҳрими фурӯши силоҳ ба Мянмар даъват намуд. Созмони Афви байнулмилал ҳукмро "як шармандагӣ" номид. Дар Бангкок, Сеул ва Манила бо талаби озодии Сан Су Чӣ намоишҳое баргузор шуд. Тамдиди ҳабси хонагии Сан Су Чӣ аз ширкати ӯ дар интихобот, ки хунтаи ҳарбӣ барои соли оянда ваъда додааст, пешгирӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG