Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкилоти маркази наркологӣ


Парасторони маркази наркологии вилояти Бадахшон
Парасторони маркази наркологии вилояти Бадахшон

Масъулини маркази наркологии вилояти Бадахшон мегӯянд, бо сабаби мушкилоти молӣ шароити табобати беморон дар ин марказ нигаронкунанда аст.

Мусо Мардонов, сарпизишки ин марказ, дар як нишасти хабарӣ гуфт, алҳол ду пизишк ва ҳафт парастор дар хизмати беморони марказ ҳастанд, аммо кумаки онҳо фақат бо машварат ва безаҳркунии беморон маҳдуд мешавад.

Вай изҳор дошт, ки аммо беморон пас аз табобат ба барқароркунии саломатӣ бо ҷалби онҳо ба меҳнат, варзиш ва машғулиятҳои равонӣ ва омӯзишӣ ниёз дошта, марказ то ба ҳол чунин шароитҳои табобатиро барои беморон фароҳам накардааст.

Ба гуфтаи Солеҳ Акобиров, ягона воситаи дилхушии табобатгирандагони ин марказ як мизи саққобозӣ аст. Ва якчанд шумораи мачаллаҳо бойигарии фарҳангии ин муассиса маҳсуб мешавад.

Ниссо Одилбекова, яке аз парасторони марказ, мегӯяд, ки дар тӯли даҳ соли фаъолият онҳо бештар аз 700 муътоди маводи мухаддирро аз дари ин марказ гусел намудаанд, аммо аксари онҳо боз ба истеъмоли маводи мухаддар рӯ меовардаанд.

Ба гуфтаи Солеҳ Акобиров, сабабҳои гирифторӣ ба маводи мухаддар гуногун буда, аз омилҳои иҷтимоӣ то огоҳӣ надоштан аз оқибатҳои истеъмоли маводи нашъаоварро дар бар мегирад.

Маркази наркологии Бадахшон дар ҷойи бинои пойгоҳи байторӣ таъсис ёфта, дар он дар як вақт метавонанд то 60 нафарро ба табобат фаро гирад. Сарпизишки ин марказ мегӯяд, марказ ҳудуди васеъро дар бар мегирад ва мудирият аз мақомот хостори кумак дар бунёди биноҳои иловагӣ ва дарёфти таҷҳизоти лозим гардидааст.

Аммо намояндагони мақомот мегӯянд, ки бо анҷоми сохтмони бемористони касалиҳои руҳӣ бинои куҳнаи бемористон дар ноҳияи Роштқалъа навсозӣ ва маркази наркологӣ аз маркази вилоят ба он ҷо кӯчонида хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG