Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки нави башардӯстонаи Русия ба Тоҷикистон


Вазорати умури изтирории Русия ба Тоҷикистон ва Қирғизистон кӯмакҳои нави башардӯстона фиристод. Намояндаи ин ниҳод ба хабаргузориҳо гуфтааст, қарор аст бо роҳи оҳан ба Тоҷикистон 7 300 тонна орд расонда шавад. Ба гуфтаи ин манбаъ, то ҳол 25 вагон ба Душанбе расида, 25 вагони дигар дар роҳ аст. Ҳамчунин дар 70 вагон 4 400 тонна орд ба Қирғизистон фиристода шудааст. Намояндаи Вазорати умури изтирории Русия мегӯяд, қаблан дар чаҳорчӯби барномаи ҷаҳонии ғизои Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон наздик ба 10 ҳазор тонна орд расонда шудааст.
XS
SM
MD
LG