Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қатли ҳомии ҳуқуқ ва шавҳари ӯ дар Чеченистон


Дар Чеченистон як фаъоли саршиноси ҳуқуқи башар ва шавҳари ӯ кушта шудаанд. Мақомоти Русия мегӯянд, ҷасадҳои тирбороншудаи Зарема Саъдуллоева ва Алик Ҷабраилов пас аз чанд соати рабуда шудани онҳо аз дафтари корияшон дар Грознӣ, пойтахти Чеченистон, кашф гаштаанд. Саъдуллоева раҳбари як созмони ғайридавлатие буд, ки ба вазъи кӯдакони бепарастори ду ҷанги ҷудоихоҳонаи чеченҳо расидагӣ мекард. Хабари қатлҳои нав дар ҳоле мерасад, ки ҳанӯз камтар аз як моҳ пеш дар Чеченистон як ҳомии маъруфи ҳуқуқи инсон, Наталия Эстемирова аз тарафи мусаллаҳони номаълум кушта шуд.
XS
SM
MD
LG