Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдакистон: 57 дирам барои як рӯз


Хусрави чорсола, ки дар тифлӣ аз навозиши падар бенасиб мондааст, яке аз 11 тифли ягона хонаи кӯдакони бесаробони Ғарм мебошад.

Ин кӯдакистон аз дигар ятимхонаҳо бо он фарқ мекунад, ки хешу ақрабои ҳар як тарбиятгирандаи он ҳармоҳа 20 сомонӣ пардохт мекунанд.

Модари Хусрав - Фотима Аминова низ, ки ба хотири писараш дар ҳамин кӯдакистон ба кор омадааст ва ҳамагӣ 55 сомонӣ маош мегирад, як қисми ҳақмуздашро барои Хусрав ба кӯдакистон месупорад.

Шаҳринисо Раҳмонова, сармураббияи кӯдакистони Ғарм, мегӯяд, наздикони тарбиятгирандагони ятимхона маблағи муайянеро пардохт мекунанд, зеро 57 дираме, ки Вазорати маориф барои як рӯзи ҳар як тифл ҷудо мекунад, барои нигоҳбонии кӯдакон намерасад.

Вай мегӯяд, дар баробари камбуди маблағ бинои кӯдакистон бе таъмир аст ва барои кӯдакон тахтҳои хоб намерасад. Ба гуфтаи ӯ, тифлони ин ятимхона аз бозича низ камбуд доранд.

Ба нақли хонум Шаҳриниссо, дар байни тифлони кӯдакистон на танҳо ятимон, балки ҳамчунин кӯдакон аз хонаводаҳои камбизоат низ ҳастанд.

Ва ҳоло маъмурияти кӯдакистон тасмим гирифтааст, ки тӯйи хатнаи атфоли бесаробонро баргузор кунад. Вале барои ин маърака низ кӯдакистон маблағи зарурӣ дар ихтиёр надорад.
XS
SM
MD
LG