Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

«Кормандони барқ ба хонаамон омада, 90 сомонӣ пули барқро гирифта гуфтанд, ки квитансия меоранд. Бо ҳамин гум шуданд».

Ин суханони Гуландом - як нафар сокини пойтахт аст, ки мегӯяд, нозирони барқи пойтахт ба хонааш омада, аз ӯ ва ҳамсояҳояш маблағи истифодаи барқро гирифта, ба онхо квитансия ваъда додаанд, аммо баъдан маълум шудааст, ки маблағи додааш ба ҳисоби шӯъбаи барқдиҳии шаҳр нарафтааст. Онҳо маҷбур шудаанд, ки барои истифодаи барқ дубора пардохт кунанд.

Ба гуфти хонуми Гуландом, моҳонаи ӯ барои пардохти якмоҳаи нерӯи барқ намерасад. Ва ӯ намедонад, ки барои ҷуброни 90 сомонии худ ва нозири ғайбзада ба куҷо муроҷиат кунад.

Шавкат Саидов, сӯхангӯи раиси шаҳри Душанбе, дар робита ба фаъолияти нозирони барқи шаҳри Душанбе ва ғайб задани онҳо дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки сабабҳои ин қазияро бояд дар худи амалкарди сокинон ҷӯст. Зеро агар сокинон ташаббус нишон дода, сари вақт дар нуқтаҳои махсус маблағи ҳаққи истифодаи нерӯи барқро пардохт кунанд, нозирони қувваи барқ ба дари хонаҳои онҳо барои пардохти маблағ намераванд ва ин гуна мушкилот сар намезанад.

Ба гуфтаи Рашид Гулов, муҳандиси ширкати «Барқи тоҷик», бояд дар мавриди нозирони навпайдои шаҳрӣ ҳам шӯъбаҳои барқтаъминкунии шаҳр тадбир андешанд. Ҷаноби Гулов меафзояд, ки бояд истифодабарандагони нерӯи барқ дар пойтахт ҳамеша маълумоти дақиқ дошта бошанд, ки маблағи пардохтиро дар кадом бонкҳо супоридан мумкин аст. Маблағи истифодаи нерӯи барқро сокинон пойтахт бояд дар худи шӯъбаҳои барқдиҳӣ ва дар шӯъбаҳои бонкии «Амонатбонк» супоранд.

Дар мавриди он, ки сокинони ҷабрдида аз нозирони ғайбзада бояд ба куҷо муроҷиат кунанд, Рашид Гулов гуфт, сокинон ҳақ доранд, ки ба мақомоти зирабт шикоят баранд.

Масъулони идораи барқи шаҳр мегӯянд, ки ҳар як нозири ин идора дар феҳрасти корхона сабти ном шудааст. Ва ҷустуҷӯи нафароне, ки бо коғазҳои қалбакй худро нозири барқ муаррифӣ мекунанд, вазифаи бахши умури дохила аст.

Пас аз сӯҳбат бо сокинони пойтахт ва кормандони идораи барқи шаҳри Душанбе рӯшан шуд, ки пеш аз ҳама сокинонро мебояд дар мавриди пардохти пули нерӯи барқ боэҳтиёт бошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG