Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯҳнавардони Экспедитсияи байналмилалӣ дар кӯҳҳои Помир қуллаи Озодиро, ки баландиаш 6230 метр аст, фатҳ карданд.

Раъно Собирова, раиси Ширкати сайёҳии «Алп-Наврӯз», ба радиои Озодӣ гуфт, ин экспедитсия бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи тадбирҳои ҳаракати байналмилалии даҳсолаи «Об - барои ҳаёт»таъсис ёфта, барои баргузории он Корхонаи воҳиди давлатии «Сайёҳ» муваззаф шудааст. Хонум Собирова афзуд: «Қуллаи Озодӣ, ки дар Помири марказӣ байни ду қуллаи ҳафтҳазорметра – қуллаи Евгения Корженевская ва қуллаи Исмоили Сомонӣ ҷойгир шудааст, аз ин пеш қуллаи Чаҳоргона ном дошт. Ин қуллаи зеборо, ки ҳамеша барфпӯш аст, 7 нафар аъзои Экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ таҳти раҳбарии роҳнамо Шамсиддин Қаҳҳоров, кӯҳнаварди маъруфи тоҷик, фатҳ карданд. Ду нафарашон аз Молдова, ду нафар аз Укроин, ду нафари дигар аз Олмон ва як нафар аз Русия мебошанд. Кӯҳнавардон ба қуллаи Чаҳоргона, ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд қуллаи Озодӣ номида мешавад, бомуваффақият баромаданд ва аз фатҳи он изҳори қаноатмандӣ карданд».

Ба гуфтаи Раъно Собирова кӯҳнавардон аввал ба қуллаи Евгения Корженевская, ки баландиаш 7105 метр мебошад, баромаданд. Ва ҳоло гурӯҳи кӯҳнавардони пуртаҷриба аз паи фатҳи баландтарин қуллаи Помир – қуллаи Исмоили Сомонӣ мебошанд, ки баландиаш 7495 метрро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки беш аз 100 кӯҳнавард аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон - Испания, Фаронса, Чехия, Словения, Олмон, Эрон, ҳамчунин, кишварҳои Ҷомеъаи Муштаракулманофеъ ва назди Балтик (Русия, Беларус, Укроин, Латвия, Литва, Гурҷистон, Молдова, Қазоқистон ва Қирғизистон) барои фатҳи қуллаҳои ҳафтҳазорметраи Помир ба Тоҷикистон омадаанд.
Экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ дар кӯҳҳои Помир корашро авохири моҳи август ба анҷом мерасонад.
XS
SM
MD
LG