Пайвандҳои дастрасӣ

Ибодӣ раҳбари СММ-ро ба Эрон даъват кард


Барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел, хонум Ширини Ибодӣ, аз Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Бан Ки-мун даъват кард, ба Эрон сафар намояд ва дар бораи нақзи ҳуқуқи инсон аз тарафи ҳукумати ин кишвар маълумоти дасти аввал пайдо кунад. Ибодӣ, ки дар як ҷаласа дар Кореяи Ҷанубӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ба эътиқоди ӯ, дар хушунатҳои пасоинтихоботии Эрон зиёда аз 100 нафар кушта ва афроди зиёде боздошт шудаанд. Нерӯҳои интизомӣ эъирозҳоеро, ки пас аз интихоботи 12-уми июн ва эълони пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод дар Теҳрон ва дигар шаҳрҳои Эрон сар заданд, бераҳмона саркӯб карданд. Ҳоло 100 нафар дар додгоҳи инқилоби исломии Эрон муҳокима мешаванд. Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳои аврупоии он ин муҳокимаҳоро маҳкум кардаанд.
XS
SM
MD
LG