Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи қонуни эъзоми нирӯҳои Русия ба хориҷ


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев тарҳи қонунеро пешниҳод мекунад, ки барояш заминаи ҳуқуқии ирсоли нирӯҳои Русия ба хориҷ ба хотири дифоъ аз манофеъи кишварро фароҳам хоҳад сохт. Медведев таи ҷанги кӯтоҳи соли гузашта нирӯҳои Русияро ба дохили қаламрави Гурҷистон фиристод, вале матбуот баъдан заминаи ҳуқуқии чунин амалро зери шубҳа гузошт. Қонуни нав ирсоли нирӯҳои Русия ба хориҷ ба хотири дифоъи кишвари севвум аз ҳамла, дифоъ аз шаҳрвандон ва нирӯҳои низомии Русия ва ба манзури набард бо раҳзанҳои дарёиро иҷозат медиҳад. Тарҳи қонун бояд акнун дар Шӯрои Федеросиюн, маҷлиси болоии парлумон, баррасӣ шавад.
XS
SM
MD
LG