Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду фаъоли уйғур дар Бишкек


Пулиси Қирғизистон дар пайи раҳпаймоии бидуни иҷозати уйғурҳо, ки дар он давлати Чинро ба пешбурди “терроризми давлатӣ” дар вилояти Шинҷон айбдор карданд, ду раҳбари фаъоли ҷамъияти уйғурҳоро боздошт кардааст. Омбудсмени Қирғизистон Турсунбек Охун гуфт, Дилмурод Акбаров ва Ҷамолиддин Носиров боздошт шудаанд.
Дар раҳпаймоии уйғурҳо дар Бишкек бо шиорҳое, ба мисли “Озодӣ ба Уйғуристон” беш аз 500 нафар ширкат варзиданд.
Ошӯбҳои қавмии моҳи гузашта байни уйғурҳо ва ҳанҳо дар вилояти Шинҷони Чин наздики 200 кушта ба ҷо гузошт.
XS
SM
MD
LG