Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гордон аз Минск дидан мекунад


Як мақоми баландпояи вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи ҷумъа, 14 август, аз Беларус дидан мекунад. Сафорати Амрико дар Минск гуфт, ёвари вазири хориҷа дар умури Аврупо ва АвроОсиё Филлип Гордон таи сафари якрӯзааш дар Минск бо мақомоти давлатӣ ва раҳбарони мухолифини Беларус мулоқот хоҳад кард. Ин нахустин боздиди чунин дипломати баландпояи Амрико аз Беларус ба дунболи дар моҳи марти соли гузашта талаби тарки ин кишвар кардани сафири Амрико аз ҷониби Минск маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG