Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ҷангиёни толиб ба манзили волии Луғар


Ҳамлаи ҷангиёни толиб ба манзили волии вилояти Луғар дастикам 3 маъмури пулис ва ду нафари ғайринизомиро кушта ба ҷо гузошт. Ин ҳамла дар ҷануби Кобул дар ҳоле сурат гирифт, ки тадобири амниятӣ дар остонаи интихоботи рӯзи 20 августи раёсатҷумҳурии Афғонистон шадидтар шудааст.
Раисиҷумҳури кунунӣ Ҳомид Карзай дирӯз гуфт, дар сурати пирӯзӣ дар ин интихобот ҷангиёни Толибон ва Гулбуддини Ҳикматёрро ба Лоя Ҷирга даъват хоҳад кард. Дар интихоботи рӯзи 20 август 41 номзад ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG