Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон зарбулаҷали байналмилалиро қабул надорад


Эрон гуфт, фишори байналмилалиро дар мавриди дар замони зарбулаҷали таъйиншуда баргаштан ба музокироти барномаҳои ҳастаияш қабул надорад. 5 узви доимии Шӯрои Амнияти СММ бо иловаи Олмон хостори то моҳи сентябр ба музокирот баргаштани Эрон шудаанд. Аммо сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон Ҳасани Қашқавӣ гуфт, Теҳрон зидди музокирот нест, вале ба қудратҳои ҷаҳонӣ иҷозат нахоҳад дод, ки бо таъйини зарбулаҷал фишораш биоранд.
Теҳрон иддаои кишварҳои ғарбиро, ки мегӯянд, Эрон дар паи сохтани силоҳҳои ҳастаист, радд мекунад ва мегӯяд, ҳадафаш танҳо даст ёфтан ба тавлиди нирӯи барқи ҳастаист.
XS
SM
MD
LG