Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми зиндони 5 узви "Ҷамоаи Таблиғ"


Додгоҳи олии Тоҷикистон 5 нафарро аъзои созмони мамнӯъи мазҳабии “Ҷамоаи Таблиғ” шинохта, онҳоро бо иттиҳоми “даъват ба сарнагун кардани низоми қонунии давлат” ба мӯҳлати аз 3 то 6 сол маҳкум ба зиндон кард. Қозии додгоҳ гуфт, ки ин афрод дар моҳи апрел ҳангоми даъват дар масоҷиди ноҳияи Файзобод боздошт шуданд.
Дар моҳи апрел мақомоти Тоҷикистон зимни як амалиёти густарда дар масҷиди Умари Форуқ дар маҳаллаи “Гулистон”-и шаҳри Душанбе 124 нафарро бо иттиҳоми пайравӣ ба “Ҷамоаи Таблиғ” боздошт карда, ба дунбол чунин амалиётро алайҳи пайравони ин гурӯҳ дар дигар навоҳии кишвар низ ба роҳ андохтанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG