Пайвандҳои дастрасӣ

Гумруки Қазоқистон ҳашт рӯз аст, ду тоҷикро, ки аз Русия ба Тоҷикистон бо мошинҳои шахсӣ сафар мекунанд, иҷозаи ҳаракат намедиҳад.

Сӯҳроб Ҳоҷиматов ва Фарҳод Ашӯров, яке зодаи ноҳияи Ашт ва дигарӣ аз ноҳияи Варзоб, дар роҳҳои Қазоқистон низ ба душвориҳо гирифтор шуда буданд, вале ба вижа дар марзи Қазоқистон ва Ӯзбакистон ин мушкилот ба ҳадди ниҳоиаш расид.

Сӯҳроб дар сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ душанбеи 10 август гуфт, баъди боздошт дар Яллама --минтақаи марзии Қазоқистону Ӯзбакистон кормандони гумрук ӯву Фарҳодро бо мошинашон дусад километр дарунтари Қазоқистон ба шаҳри Чимканд-- маркази вилояти Қазоқистони ҷанубӣ бурданд, то бозрасии мошинҳоро дар он ҷо идома диҳанд.

Ба гуфтаи Сӯҳроб, кормандони гумрук ба ниҳоди марбутаи Русия дархост додаанд, то онҳо муайян созанд, ки мошинҳо дар бозҷӯӣ қарор дорад ё на. Баъди дарёфти посух, ки мошинҳо моли дуздӣ нестанд, кормандони гумрук худи мошинҳоро бозрасӣ ва чизе ғайриқонунӣ пайдо накардаанд.

Вале ҳамоно боздошти муҳоҷирони тоҷик ва мошинҳои онон дар Чимканд идома дорад ва Сӯҳроб намедонад, ки ин саргардониҳои онон кай анҷом меёбад.Тавре Сӯҳроб мегӯяд, «аз ҳама ҷиҳат ҷавобҳо хубанд ва мошинҳо дуздӣ нестанд. Бозрасӣ ҳам карданд ва болопӯши мошин низ иваз нашудааст ва мошин нав аст. Ба Интерпол ҳам доданд ва ҷавоби хуб гирифтанд. Акнун мегӯянд, ки бояд аз Интерпол справка гирифт. То ба ҳол моро ин ҷо мебаранд, он ҷо мебаранд ва на ҷавоби хуб медиҳанду на ҳарфҳои хуб мезананд, дақиқ чизе намегӯянд ва моро танҳо бо ҳар сабаб нигоҳ медоранд».

Вале дар ҳамин ҳол Ҷаслан Асилбеков-- сарвари идораи мубориза бо қочоқи раёсати назорати гумруки вилояти Қазоқистони ҷанубӣ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт,ки онон тибқи супориши кумита ҳама мошинҳоро бояд аз назорати гумрук бигзаронанд ва баъди анҷоми бозрасиҳо ба муҳоҷирони тоҷик мошинҳояшонро хоҳанд дод

Оқои Асилбеков гуфт, ки алъон вай хулосаи бозрасӣ ва ҳамчунин посухи Интерполро интизор аст ва бидуни мушкилот агар имрӯз ё фардо ин хулосаву посух ба дасти онон бирасад, мошинашонро хоҳанд гирифт ва онҳо роҳашонро давом хоҳанд дод.

Дар ҳамин ҳол Сӯҳроб чандон бовар надорад, ки дар ин як-ду рӯз мушкилашон ҳал гардад, зеро чанд рӯз аст, ки кормандони гумрук ваъдаи фардову пасфардо медиҳанд .

Сӯҳроб мегӯяд, ки қаблан низ аз Русия мошин харида ба Тоҷикистон овардан чандон осон набуд, вале ҳеч гумон надошт, ки мошинҳои ба ивази кори пурмашаққати муҳоҷирӣ харидааашонро 8 рӯз бозрасӣ мекунанд ва таи ин муддат онон дар ин шаҳри бегона ба ҷуз он ки маблағи зиёд масраф карданд, боз мушкилоти зиёдеро паси сар карда истодаанд.

Вай аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки дар ин замони фанновариҳои нави иттилоотӣ барои муайян кардани мушаххасоти мошинҳо ҳамин қадар вақти зиёд сарф гардад ва онҳоро дар Қазоқистон чунин сарсону саргардон намоянд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG