Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даҳ сол пеш дар ҳамин ҳафта Русия, кишваре парешоне буд бо раиси ҷумҳури дар ҳоли марг ва бо иқтисоди нимҷон.

Раҳбарони минтақаии он ба таври афзояндаву ошкор сиёсатҳои ҷудоихоҳӣ аз Русияро пеша карда буданд ва Думаи давлатии пароканда ҳам бе роҳи баромад аз бунбаст монда буд.
Рейтинги Путин, қисман рейтинги ноумедӣ аст, зеро дигар ба касе бовар карда намешавад...

Дар он даҳ соли пеш ҷаҳону Русия пай набурданд, ки чӣ раисиҷумҳуре Борис Елтсин 9 августи соли 1999 агенти собиқи КГБ Владимир Путини ношинохта ва рангпаридаро ба ҳайси нахуствазираш муаррифӣ кард. Аммо ин фарди ношинос ба андозае тағйир кард, ки ҳоло дар Русия ба қавле мисли бут парастишаш мекунанд.

Борис Елтсин Путини 46-соларо на танҳо нахуствазир интихоб кард, балки аз ин ҳам фаротар рафта ӯро вориси дилхоҳи худ эълом намуд. Дар ҷомеаи шахсиятсолории Русия ин эъломи Елтсин як фоли бад буд. Сергей Степашин, нахуствазири Русия, ки ӯро Владимир Путин иваз кард, баъди тарки мақомаш гуфт, ба Путин танҳо ва танҳо барор мехоҳад, зеро дигар ӯ ҳама чизро худаш дорад.

Гуфтаҳои Сергей Степашинро воқеан пайғамбарона медонанд, чун баъд аз даҳ сол Владимир Путин аз мақоми раиси ҷумҳур ба курсии нахуствазир баргашт ва дар ин сол худро ба ҳайси раҳбари беайбу дурусткори Русияе нишон дод, ки қудратмандтар мешавад.

Владимир Путин дар аввал марди шармгине ба назар мерасид, ки ба худ эътимод надорад. Ӯ ҳатто зимни сӯҳбат бо хабарнигорон ба чашми мусоҳибаш наменигарист, баръакси ҳозир, ки сиёсатмадори соҳибитминон ва қодир ба назорати ҳар вазъият зоҳир мешавад.

Владимир Путин бо гирифтани лаҷоми давлат, як баста мушкилотро ҳам мерос гирифт, иқтисоди нимҷону, қарзҳои то баногӯши Русия ва гурӯҳҳои тундрав аз Чеченистони саркашро, ки ба Доғистон ҳамла бурданд. Баъд аз ин таркишҳои ваҳшатноки пурқурбонӣ дар Русия аз ҷумла дар Волгодонск ба вуқӯъ пайваста 300 нафарро кушт.

Ҳукумат дар ин ҳамлаҳо ҷудоихоҳони Чеченро муттаҳам кард ва баъди се соли хатми ҷанг дар Қафқоз якуми октябри соли 1999 нерӯҳои Русия дигарбора ба Чеченистон ворид шуданд. Дар ин як моҳи аввали ҷанг Владимир Путин нишонаҳои қатъият ва шахси тасмимгиреро нишон дода ва баъдан ин услубро хоси худ кард.

Андешаҳо доир ба ҳукмронии Путин ва мероси гирифтаи ӯ аз замони бебандубории Елтсин мухолифанд. Тарафдорони Путин мегӯянд, Русия дар вартаи парокандагӣ буд ва бояд лаҷоми сарватмандони муфтхӯре ба мисли Борис Березовский ва Владимир Гусинский гирифта мешуд, ки Путин кард.

Аз сӯи дигар мунаққидони Кремл% аз ҷумла таҳлилгари рус Дмитрий Орешкин, мегӯяд, Русия баъд аз таназзули иқтисодӣ дар соли 1999 рӯ ба нашъунамо овард ва заминаҳо барои низоми демокративу ҷомеаи боз гузошта шуданд, чизе, ки баъд Владимир Путин онро сарпӯш гузошт.

"Қисман дар заминаи дарки худаш аз афкори умум ва қисман бо истифода аз қиматҳои баланди нафт, вай як низоми маҳдудеро таъсис дод, ки қодир ба расидагӣ ба мушкилоти муосир нест. Метавон гуфт, ки вай Русияро дар аёми парвози иқтисодиву демократиаш ба даст гирифт ва ба мақоми як қудрати камаҳамияти Амрикои Лотинӣ расонд, ки оянда надорад. "

Владимир Рижков - муовини собиқи раиси Думаи давлатӣ ва яке аз мухолифони сиёсати Путин ҳам навиштааст, ки “Кремл натавонистааст, бо истифода аз фоидаҳои азими пули нафт дар зарфи ҳашт соли гузашта, бо қудрати иқтисодӣ нуфузи сиёсиашро дар ҷаҳон густариш диҳад ва баръакс мавқеъи Русия дар ҷаҳон бадтар шудааст.”

Владимир Путин ҳамчунин қудрати сиёсии зиёдеро ба дасти худ гирифт ва шохаҳои қонунгузору, додгоҳ ва мақомоти минтақавиро аз соҳибихтиёрӣ маҳрум намуд. Созмонҳои ғайриҳукуматии Русия ҳам ба қавле аз дасти ӯ ба дод омаданд ва матбуоти миллӣ ба дӯсти ҳукумат ва ё балегӯи он табдил шуд.

Бидуни шубҳа, Путин бояд ба нафт ташаккур гӯяд, ки қиммати баланди он мавқеашро мустаҳкамтар кард. Эдвар Лукас – аз маҷаллаи мӯътабари “Экономист”, ки солҳо дар Русия кор кардааст, аксари дастовардҳои Путинро дар хушиқболиаш медонад.

"Ман ҳамеша ин суолро мегузорам, агар Путин қимати нафт дар замони Елтсинро медошт, чӣ гуна ба назар мерасид ва агар Елтсин қимати нафт дар замони Путинро медошт, чӣ гуна ба назар меомад. "

Ба гуфтаи баъзе аз соҳибназарон, Путин натавонистааст, бо истифода аз сарватҳои азими нафтӣ ба рушди мунтазами иқтисодӣ дар Русия
даст ёбад. Дар як назархоҳии “Левада” як созмони мустақили Русия, аксарият гуфтаанд, ки бо вуҷуди ҳимояташон аз шахсияти Владимир Путин, онҳо бовар доранд, ки шикофи иҷтимоӣ миёни фақирону сарватмандон дар Русия назар ба замони Елтсин бузургтар шудааст.

Дигар ин ки маҳбубияти ӯро, ки дар Русия на камтар аз 60-70 дар сад мебошад, дар мадҳияҳои расонаҳои Русия медонанд, ки дар ҳар фурсати мусоид Владимир Путинро таърифу таҳсин мекунан. Дмитрий Орешкин таҳлилгари рус:

"Рейтинги Путин, қисман рейтинги ноумедӣ аст, зеро дигар ба касе бовар карда намешавад. Мо ба сохторҳо эътимод надорем, мо ба додгоҳ эътимод надорем, мо ба интихоботҳо эътимод надорем. Дар ин ҳолат танҳо як шахсият мемонад, ки умедҳои худро ба он бубандем, ва ин Владимир Владимирович Путин аст. "

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG