Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабаби аслии баста шудани Черкизбозори Маскав


Ситораҳои ҳунар, Ричард Гир ва Шарон Стоун намедонанд, ки бо ширкат дар ҷашне ба як маъракаи зидди бозорҳо дар Русия замина гузоштанд.

Имрӯз яке аз бузургтарин бозорҳои Аврупо-бозори Черкизи шаҳри Маскав баста шудаву мақомот миллиардҳо доллар моли тоҷирони онро мусодира кардаанд.
Баста шудани чунин нуқта ба таври ҷиддӣ назмро дар бахши бузурги тиҷорат аз байн мебарад...

Пайдо намудани иртибот миёни меҳмонсарои панҷситораи Мардон Палас, воқеъ дар шаҳри соҳилии Анадолуи Туркия, ва бозори Черкизи Маскав душвор нест: Ҳар ду моли тоҷири озаритабори рус Телман Исмоилов мебошанд.

Барои ширкат дар расми кушоиши ҳотели Мардон Палас Исмоилов даҳҳо ситораи Ҳолливуд ва чеҳраҳои шинохтаи сиёсату фарҳанги кишварҳои мухталифро даъват намуд.

Ҷашни серхароҷот, ки онро шабакаҳои гуногуни хабарӣ намоиш доданд, сарвазири Русия Владимир Путинро ба ғазаб овард.Дар ҷаласаи ҳукумат ӯ талаб кард, ки қочоқчиён дастгир ва дар зиндонҳо ҷой дода шаванд.

Имрӯз бо иттиҳоми хилофкориҳои санитариву амниятӣ бозори Черкизи Маскавро бастаанд ва Исмоилов, ки дар Русия ҳамчун соҳибкори дорои иртиботҳои қавӣ шинохта мешуд, дар ғурбат ба сар мебарад.

Ба назар мерасад, ки манъи фаъолияти бозори Черкиз иштиҳои ҳукумати Русияро тавсеа бахшидааст. Ҳафтаи гузашта афсарони ниқобпӯш ба бозоре, ки дар меҳмосарои Севастополи Маскав ҷойгир буд, ҳамла намуданд. Дар ҳотели Севастопол асосан тоҷирони афғон, ҳиндӣ ва покистонӣ дӯкон доштанд.

Муҳаммад Амин, раиси Иттиҳодияи муҳоҷирони бозори Севастопол, ки худ афғон аст, мегӯяд: "Субҳи барвақт намояндагони давлат омаданду тоҷиронро берун карданд. Онҳо бозорро баста, ба касе иҷоза намедиҳанд, ки вориди бозор шавад."

Полис мегӯяд, ки аснои кофтукови бозори Севастопол ба маблағи 29 миллион доллар моли қочоқӣ мусодира кардааст, ки ба ваҷҳи умум ашёи тақаллубӣ ва ҳатто баъзан хатарнок мебошанд.

Ҳукумати Русия иддао мекунад, ки ҳамасола аз ҳисоби вуруди ғайриқонунии маводи содиротӣ 650 миллиард рублро аз даст медиҳад.

Муҳаммад Амин мегӯяд, ки мақомот то ҳанӯз моли қонунии тоҷирони бозори Черкизро ҳам ба осонӣ барнамегардонанд: "То ҳол вазъ тағйир наёфтааст. Дарҳои бозор маҳкам ҳастанду борҳои тоҷиронро ба содагӣ барнамегардонанд. Онҳо ришва талаб мекунанд."

Ба қавли баъзе коршиносон ҳукумат бояд тиҷорат дар Черкизро ба назм медаровард, зеро якбора баста шудани бозор бесару сомонии зиёд ба бор хоҳад овард. Дар бозори Черкиз мол хеле арзон буду ҳар рӯз тоҷирони хурди гӯшаҳои гуногуни Русия савори тақрибан 5000 автобус барои харидани мол ба ин ҷо меомаданд.

Иқтисодшинос Михаил Делягин дар ин бора мегӯяд: "Бояд дарк намуд, ки ин на танҳо бозор, балки нуқтаи транзити бор ба тахминан тамоми Русияи марказӣ ва ҳатто бештар аз он буд. Баста шудани чунин нуқта ба таври ҷиддӣ назмро дар бахши бузурги тиҷорат аз байн мебарад."

Таҳлилгарон иброз доштаанд, ки бидуни сарпараст дар идораҳои баланди ҳукуматӣ бозори Черкиз хеле зуд аз байн мерафт.

Ба қавли онҳо бозори Черкиз рӯзона миллионҳо доллари нақд меовард, ки дар ҳеҷ ҷо сабт намешуд.

Онҳо ишора мекунанд, ки соли 2006-ум дар ҷашни 50 солагии Исмоилов худи мири Маскав Юрий Лужков ҳузур дошт. Дар зодрӯзи пештараи Исмоилов бошад, овозхони маъруфи амрикоӣ Ҷенифер Лопес саҳнаро гарм мекард.



Шореҳ Владимир Прибиловский бар ин назар аст, ки босташавии бозорҳо бо мубориза барои замин иртибот дорад. Бозори Черкиз 600 ҳекторро ишғол мекард.

Дар ҳар сурат бастани Черкиз тахминан 100 ҳазор нафарро, ки шумори зиёди онҳо шаҳрвандони Чин, Ветнам, ҷумҳуриҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ мебошанд, аз ҷои кор маҳрум кард.

Баъди ин иқдом муовини вазири тиҷорати Чин ба Маскав омад, то масъалаи бунёди шаҳраки тиҷории Чин дар яке аз канораҳои имаскавро баррасӣ намояд.

Вале сарнавишти тоҷирони дигари бекормонда то ҳол рӯшан нашудааст, ҳарчанд ки ҳукумати Русия ба онҳо имкони тиҷорат дар бозорҳои дигари пойтахти ин кишварро ваъда дода буд.
XS
SM
MD
LG