Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баррасии тағйири иқлим дар шаҳри Бонн


Конфронси Созмони Милал дар мавриди тағйири иқлим имрӯз дар шаҳри Бонни Олмон ифтитоҳ шуд, ки дар он ду ҳазор намоянда аз 180 кишвари ҷаҳон ҳузур доранд. Конфронси Бонн омодагӣ барои ҳамоиши сарони кишварҳои ҷаҳон аст, ки бояд ба ҷойи Протоколи Киото аҳдномаи наверо ба имзо бирасонанд. Мӯҳлати эътибори Протоколи Киото, ки партоби газҳои гӯлхонаиро маҳдуд мекунад, соли 2012 хотима меёбад. Дар як нишасти дигаре имрӯз Бан Ги Мун – дабири кулли Созмони Милал гуфт, барои аз балои фалокатбори гармоиши курраи Замин эмин мондани сокинони саёра, инсоният камтар аз даҳ соли дигар дорад, то ки партоби газҳои гӯлхонаиро кам кунад. Афзоиши газҳои гӯлхонаӣ аз қабили гази карбон дар таркиби атмосфера намегузорад, то гармӣ ба фазо хориҷ шавад.
XS
SM
MD
LG