Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ифшои шиканҷа ва қатли маҳбусон дар Эрон


Омӯзгори боздоштшудаи фаронсавӣ, Клотилда Рейисс ҳангоми муҳокима дар Додгоҳи инқилоби Теҳрон, 8-уми августи соли 2009.

Омӯзгори боздоштшудаи фаронсавӣ, Клотилда Рейисс ҳангоми муҳокима дар Додгоҳи инқилоби Теҳрон, 8-уми августи соли 2009.

Яке аз раҳбарони мухолифони Эрон эълом дошт, ки эътирозгарони боздоштшуда дар маҳбас мавриди таҷовуз ба номус ва шиканҷа қарор гирифтаанд.

Номзади нокоми интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон, Маҳдии Каррубӣ дар як номаи расмӣ навиштааст, зану марди ҷавон дар боздоштгоҳҳо ҳадафи зӯроварию хушунат қарор гирифта, бархе аз онҳо шадидан маҷрӯҳ шудаанд.

Ин номаи расмӣ дар ҳоле нашр шудааст, ки яке аз раҳбарони Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ хостори боздошти Каррубӣ, Мирҳусейни Мӯсавӣ ва дигар чеҳраҳои сиёсӣ шудааст, ки ба гуфтаи ӯ, даст ба "табаддулоти махмалӣ" задаанд.

Мақомоти давлатии Эрон гуфтаанд, дар ҷараёни хушунатҳои пасоинтихоботӣ наздик ба 30 нафар кушта шудаанд, вале ҳомиёни ҳуқуқи инсон аз теъдоди бештари кушташудагон хабар додаанд. Ҳамзамон шумораи боздоштшудагон ва вазъи онҳо маълум нест. Садҳо нафар дар феҳрасти бенишоншудагонанд.

Дар ҳоле ки аз интихоботи президентии 12-уми июни Эрон ва пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод дар он наздик ба ду моҳ мегузарад, талошҳои саркӯб кардани норозиён аз як сӯ ва кӯшишҳои дифоъ аз мухолифон аз сӯи дигар идома доранд.

Беҳзоди Муҳоҷир охирин бор ба наздиконаш рӯзи 15-уми июн занг зад. Аз миёни издиҳоми намоишгарони майдон "Озодӣ". Баъд қариб 40 рӯз аз ӯ хабаре нашуд. Фақат ҳафтаи гузашта аз хешонаш хостанд, ҷасади ӯро шиносоӣ кунанд. Дар бораи сабаби марги Беҳзод хулосаи расмие нест, вале пайвандонаш мегӯянд, пайи тире дар сари синааш ва харошҳое дар баданаш дидаанд.

Бо эълони натиҷаҳои интихоботи 12-уми июн дар Теҳрон ва чанд шаҳри дигар тазоҳуроти онҳое сар зад, ки ин натиҷаҳоро дурӯғ мешуморанд. Нерӯҳои интизомӣ тазоҳуротро бераҳмона саркӯб карданд.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, дар ин раванд 30 нафар кушта ва 100 нафар боздошт шудааст, аммо ҳомиёни ҳуқуқи башар бар инанд, ки шумораи кушдашудагон ба маротиб бештар буда, аз ҳазорон нафари бозодштгшуда, наздик ба 200 нафар дар маҳбасҳо боқӣ мондаанд.

Номзади нокоми ин интихобот, сиёсатмадорони ислоҳталаб, Мирҳусейни Мӯсавӣ мақомоти Эронро айбдор кард, ки дар баробари боздоштшудагон аз "шеваҳои асримиёнагии шиканҷа" истифода мекунанд.

Номзади дигари ноком, Маҳдии Каррубӣ дар номааш ба рӯҳонӣ ва президенти собиқ, Ҳошимии Рафсанҷонӣ, менависад, "чандин нафар аз боздоштшудагон шаҳодат додаанд, ки баъзе аз маҳбусони зан ва мардони наврас ба таври ваҳшиёна дастизӯрӣ шудаанд. Наврасон аз ошуфтагӣ ва зарбаи равонию ҷисмонӣ беморанд."

Каррубӣ талаб кардааст, ки ин рӯйдодҳо мавриди таҳқиқ қарор гиранд. Дигарон низ ба ин даъватҳо шарик шудаанд. Додситони кул Алӣ Дуррии Наҷафободӣ гуфтааст, дастури ба маҳбасҳои берун аз Теҳрон интиқол додани боздоштшудагон муроот нагаштааст. Вай талаб кардааст, онҳое, ки дар бадрафторӣ бо боздоштшудагон муҷриманд, бояд ҷазо гиранд.

Сардори полиси Теҳрон, Исмоил Аҳмадии Муқаддам, дар ин байн, иқрор кард, ки баъзе аз тазҳургарон дар маҳбаси Коҳрезак латукӯб шудаанд, аммо марги бархе аз онҳоро на ба шиканҷаҳо, балки ба бемории сирояткунандае марбут донист, ки дар ин маҳбас паҳн гаштааст.

Ҳодӣ Қоимӣ аз Маъракаи байнулмилалии ҳуқуқи инсон дар Эрон ба радиои "Озодӣ" гуфт, дарёфти иттилоъи дақиқ дар бораи боздоштшудагон ва вазъи онҳо, теъдоди кушташудагон ва маҳалли қатли онҳо хеле сахт аст.

Дар сомонаҳои эронӣ теъдоди умумии кушташудагон 365 нафар номида шудааст. Манбаи ин шумора маълум нест, аммо он аз тарафи афроди саршинос тазаккур меёбад.

Алиризо Биҳиштӣ, мушовири аршади Мӯсавӣ, ки ба таҳқиқи ҳабсу қатлҳо машғул аст, гуфтааст, арқому адади тахминиро шунидааст. Вале ӯ ин шумораҳоро тасдиқ ё рад накард.

Рӯҳонии саршинос, Мӯҳсини Кадевар, низ дар нутқаш дар Иёлоти Муттаҳида ҳамин арқомро номбар кард.

Созмони Афви байнулмилал гуфтааст, мақомоти Эрон тамоми чораҳоро корбаст кардаанд, аз ҷумла тарсондани хешу табори қурбониён ва манъи баргузории расми сӯгворӣ ва ғайра, то суръати ифшои иттилоъро коҳиш диҳанд.

Дрюерӣ Дайк, намояндаи ин созмон мегӯяд, то ҳоло ном ва мушаххасоти 53 кушташударо гирдоварӣ кардааст. Бархе аз ниҳодҳои ҳуқуқи инсон, ба монанди Федерсюни байнулмилалии ҳуқуқи инсон дар Порис аз Созмони Милали Муттаҳид даъват кардааст, ҳайатеро барои омӯзиши авзоъ ба Эрон бифиристад.
XS
SM
MD
LG