Пайвандҳои дастрасӣ

Чин ба тазоҳургарон "дарси адаб" додааст


Давлати Чин имрӯз гуфт, 1200 нафарро, ки дар робита ба нооромиҳои соли гузашта дар Тибет дастгир карда буд, раҳо кардааст. Айни замон 700 нафари дигар, ки ба ошӯбҳои хунин дар вилояти Шинҷон муттаҳам мешаванд, дар боздоштгоҳ будаанд. Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ин бора ба Созмони Милал гузориш додааст, ки имрӯз масоили маҳви табъизи аққалиятҳо дар Чинро дар шаҳри Женева баррасӣ мекунад. Дар гузориши ҳукумати Чин омадааст, ки бештар аз 1200 нафар аз муттаҳамон дар ошӯбҳои Тибет, "баъди ҷазо ва дарси адаб гирифтан ва тавба кардан" аз боздоштгоҳ раҳо карда шуданд. Дар ошӯбҳои этникии моҳи гузашта дар вилояти Шинҷон 147 нафар ҷон доданд. Давлати Чин ин ошӯбҳоро амали дасти ҷудоихоҳони хориҷ аз кишвар хондааст.
XS
SM
MD
LG