Пайвандҳои дастрасӣ

Салим, як муҳоҷири корӣ, мегӯяд, баъди 7 моҳи кор дар Русия бар асари бӯҳрон бекор мондаааст ва маҷбур шудааст, ки дубора ба Тоҷикистон баргардад.

Вай дар корхонае кор мекардааст ки дар як моҳ 500 доллари амрикоӣ маош мегирифтааст. Вай меаязояд, «имрӯз дар Тоҷикистон ба хотири маоше, ки ҳадди ақал ҷиҳати иқтисодиро бояд таъмин кунам дар ду ҷо кор мекунам. Вале ин маоши ду корхона зиндагии якмоҳаи маро таъмин намекунад».

Салим мӯътақид аст, ки дар сурати беҳтар шудани вазъи иқтисодии Русия вай ҳатман ба ин кишвар бармегардад. Вай афсӯс мехӯрад, ки маблағи ҷамъкардаи ӯ ба фаъолияти соҳибкорӣ дар дохили Тоҷикистон басандагӣ накардааст ва ӯ аз ночорӣ дар ду корхона кор мекунад.

Имрӯз ба мисли Салим даҳҳо нафар муҳоҷирони корӣ аз хориҷ ба ватан бармегарданд. Яке аз роҳбаладҳои қатораи Душанбе-Маскав ба хабарнигори Ояндасоз гуфт, ки қатораи онхо аз самти Душанбе қариб ки холӣ меравад, вале аз самти Маскав ба Душанбе пур аз мусофирон бармегардад ва аксариятии мусофирон муҳоҷирони ҷавон мебошанд.

Дар ҳоле, ки Салим ба хотири таъмини оилаи худ дар ду корхона кор мекунад, Муҳамади Абдулло, унвонҷӯи тоҷик, бар ин назар аст, ки падидаи дар ду ҷой кор кардани ҷавонон маънои онро надорад, ки ба дарди иқтисодии онҳо мехӯрад, балки ин аз вахим шудани вазъи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Ба гуфти оқои Муҳаммад, вақте фаъолияти бозорҳои калонтарини Русияро қатъ карданд, табиист ки аксарияти ҷавонҳои тоҷике, ки дар он ҷо аробакашӣ ва ё ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буданд, бе шуғл монданд ва ба Тоҷикистон баргаштанд, вале ин муваққатӣ аст ва онҳо боз ба Русия хоҳанд баргашт.

Савфат Бурҳонов, рӯзноманигори тоҷик, мегӯяд, агар ҷавони аз муҳоҷират баргашта хоҳанд, ки дар ватани худ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шаванд, бояд даҳҳо ҳуҷҷатро омода кунанд ва ҳамеша фаъолияти онҳо зери назорат хоҳад буд. Барои ҳамин онҳо беҳтар медонанд, ки бо пайдо шудани аввалин имкон дубора ба муҳоҷират раванд.

Чанде пеш вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шукурҷон Зуҳуров зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар асоси барномаи зидди бӯҳронии ҳукумат бояд, то охири соли 2009 то 180 ҳазор ҷойи кории холӣ таҳия карда шавад, вале рафти ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ нишон дод, ки маоши ночиз дар муқоиса ба маблағҳое, ки шаҳрвандон дар муҳоҷират меёбанд, ҳавасмандии онҳоро ба ин ярмаркаҳо коҳиш додааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG