Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як мусаллаҳ дар задухӯрд


Нерӯҳои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар як даргирӣ дар канораи шаҳри Душанбе гумонбаршудаи узвият дар Ҳаракати исломии Узбакистонро ба қатл расондаанд.

Муҳаммадҷон Нарзиев, нозири калони супоришҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки ин шахс бо номи Шавкат Юсуфов зодаи ноҳияи Исфара буда, ҳангоми боздошт ба кормандони умури дохилӣ оташ кушода ва аз оташи ҷавобӣ кушта шудааст.

Дар ҳоле ки ин манбаъ ва мақомоти дигари Тоҷикистон Юсуфовро узви Ҳаракати исломии Узбакистон меноманд, тасдиқи ин маълумот аз манобеъи мустақил ғайриимкон аст.

Хабаргузориҳо гуфтаанд, даргирӣ дар маҳаллаи Арбоб-хотуни наздикии пойтахти Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастааст.

Ин хабар дар ҳоле мерасад, ки ҳафтаи гузашта мақомоти Тоҷикистон аз поёни як амалиёти густарда зидди гурӯҳҳои ситезаҷӯ дар шарқи кишвар иттилоъ дода буданд.
XS
SM
MD
LG