Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон баёнияҳои Ғарбро "шигифтовар" хонд


Давлати Эрон интиқодоти кишварҳои ғарбӣ аз муҳокимаи дастаҷамъии тазоҳургарон дар ин кишварро рад карда гуфт, ба “дахолати хориҷӣ” ба умури дохилиаш муқовимат хоҳад кард. Ҳасан Қашқавӣ - сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон, танқидҳои кишварҳои ғарбиро «ғайриқонунӣ ва шигифтовар” хонд. Пештар аз ин дар рӯзи якшанбе Сузанна Райс - сафири Амрико дар Созмони Милал, муҳокимаи тазоҳургарони норозӣ аз натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳур дар Эрон “намоиш” хонд. Бритониё ва Фаронса ҳам давлати Эронро барои боздошту муҳокимаи кормандони маҳаллии сафоратҳояшон дар Теҳрон башиддат интиқод карданд.
XS
SM
MD
LG