Пайвандҳои дастрасӣ

Ғолибони мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба шашка, ки дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд тӯли 5 рӯз идома кард, дар чаҳор гурӯҳ муайян шуданд.

Абдусаттор Шодиев, сармураббии дастаи мунтахаби вилояти Суғд, ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқа 58 варзишгар аз манотиқи мухталифи кишвар барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ байни кӯдакону наврасон, ҷавонон ва бузургсолон мубориза бурданд. Оқои Шодиев афзуд, дар ҳисоби дастаӣ шашкабозони шаҳри Душанбе мақоми аввалро касб карданд. Дастаи мизбон – Исфара дар ҷои дуввум қарор гирифт. Дастаи вилояти Хатлон севум шуд.

Дар гурӯҳи шашкабозони хурдсол (то 10-сола) байни духтарон Фариза Ғаффорова ҷои аввал, Басоат Тӯхтаева (ҳарду аз Исфара) ҷои дуввум ва Дилафрӯзи Баҳодур (ноҳияи Ҳамадонӣ) ҷои севумро касб карданд. Дар ин гурӯҳ байни писарон Муҳаммад Нуралиев (Душанбе) дар ҷои аввал, Шароф Ҷӯраев (Исфара) дар ҷои дуввум ва Наврӯз Маҳлиқоев (н. Ҳамадонӣ) дар ҷои севум қарор гирифтанд.

Дар гурӯҳи духтарони то 14-сола Фирӯза Саидова (н. Ҳамадонӣ) ғолиб шуд. Сарвиноз Каримова (Душанбе) ҷои дуввум ва Сурайё Шодиева (Исфара) ҷои севумро азони худ карданд. Байни писарон Алишери Мӯъмин (Душанбе) пирӯз гашт. Фирӯз Шарифов ва Муртазо Абдуҳомидов (ҳарду аз Исфара) мутаносибан ҷойҳои дуввуму севумро соҳиб шуданд.

Сабқати духтарони то 20-сола бо пирӯзии Дилбар Нуриддинова (Исфара) хотима ёфт. Насиба Махсумова (Хуҷанд) дуввум ва Сайлонбии Баҳодур (н. Ҳамадонӣ) севум шуданд. Дар ин гурӯҳ байни ҷавонон Ҷалолиддин Аслонов (Исфара) ғалаба кард. Самандари Мирзоалӣ (Душанбе) ҷои дувум ва Толис Ортиқов (Хуҷанд) ҷои севумро гирифтанд.

Дар сабқати бузургсолон байни занон ҳамаи медалҳоро шашкабозони шаҳри Исфара ба даст оварданд. Гулхан Алдирова бо медали тилло, Гулноза Нуриддинова бо медали нуқра ва Фариза Байзоқова бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар сабқати мардон Ҷонибек Сафаров (Душанбе) ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Баҳодур Каримов (Кӯлоб) бо медали нуқра ва Исмоил Казнабеков (Исфара) бо медали биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷонибек Сафарови 54-сола ба Радиои Озодӣ гуфт: «Аз соли 1976 ба шашкабозӣ машғулам. Соли 1978 дар чемпионати СССР оид ба шашкаи русӣ байни варзишгарони деҳот мақоми севумро касб карда, меъёри Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравиро ба ҷо оварда будам. Соли 1980 бошад, соҳиби унвони Устоди варзиши СССР оид ба шашкаи байналмилалӣ гаштаам. Аз замони шӯравӣ то имрӯз 14 бор қаҳрамони шашкаи Тоҷикистон шудаам. Инчунин дар шатранҷбозӣ низ муваффақ гаштаам. Соли 2000-ум ба унвони қаҳрамони шоҳмоти шаҳри Душанбе даст ёфта, дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон соли 2005 ҷойҳои 3-юму 4-умро соҳиб шудаам. Аз соли 2003 то инҷониб мураббии мактаби махсуси шоҳмоту шашкаи шаҳри Душанбе мебошам.

Бояд гуфт, ки солҳои пеш шашкабозони моҳири тоҷик Муродуллоҳ Амруллоев ва Гулнора Ғоибова Тоҷикистонро дар мусобиқоти ҷаҳонию қитъавӣ бомуваффақият муаррифӣ карда, ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф шудаанд. Вале, мутаассифона, ба ин навъи маъмули варзиш солҳои ахир масъулини соҳа кам таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Ҳар сол танҳо як-ду мусобиқаи ҷумҳуриявӣ сурат мегирад.

Шашкабозони мо ба иллати набуди маблағ имкон надоранд, ки дар мусобиқоти байналмилалӣ, аз ҷумла мусобиқаи қаҳрамонии шашкаи Осиё, ки дар Иссиқкӯли Қирғизистон баргузор хоҳад шуд, ширкат варзанд».
XS
SM
MD
LG