Пайвандҳои дастрасӣ

Бомбгузориҳои хунину маргбор дар Ироқ


Бар асари чанд бомбгузорӣ дар шимол ва пойтахти Ироқ дасти кам 30 нафар ҳалок ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар яке аз ин маргбортарин ҳамлаҳо дар шаҳри шимолии Мосул, ду мошини боркаши бомбгузоришуда дар фосилаи кӯтоҳе миёни ҳам таркида, 23 нафарро кушт. Чиҳил хона дар ин маҳал дар рустои умдатан шиъанишини Ал Хазно вайрон шудааст. Дар шаҳри Бағдод ду бомб дар назди афроде таркид, ки барои ёфтани ҷойи кор навбат мепоиданд.
XS
SM
MD
LG