Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи тундравон ба сарбозони Покистон


Пулиси Покистон мегӯяд, бар асари даргирӣ миёни як гурӯҳи 100 нафарии ҷангҷӯён ва сарбозони давлатӣ, панҷ тан аз ҷангҷӯён кушта ва се сарбози дигар ҳам сахт захмӣ шудаанд. Асматуллоҳ Хон - як мақоми пулиси Покистон, гуфт, даргирӣ баъди ҳамлаи гурӯҳи ҷангҷӯён ба сарбозони давлат сурат гирифтааст, ки ин сарбозон озими минтақаи қабоилнишини Вазиристони Шимолӣ буданд. Баъди ин ҳодиса, дар тамоми Вазиристони Шимолӣ қуюди шабгардӣ эълом кардаанд ва нерӯҳои давлат бо истифода аз чархболу тӯпхонаҳ паноҳгоҳҳои тундравонро нишон гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG