Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи олии Тоҷикистон панҷ нафари муттаҳам ба узвият дар Ҷамоаи Таблиғро ба муҳлатҳои аз 3 то 6-солӣ равонаи зиндон кард.

Ин афрод дар моҳи апрел дар ҷараёни як амалиёти густардаи мақомот дар масҷиди Умар Форуқ дар маҳаллаи “Гулистон”-и шаҳри Душанбе боздошт шуда буданд.

Дар ин амалиёт дар масҷиди Умари Форуқ дар маҷмӯъ 124 нафар боздошт шуданд. Аксари дастгиршудагонро ба зудӣ раҳо карданд, вале дар қиболи ин 5 нафар парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Мақомот ин афродро аз ҷумла ба ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон низ муттаҳам карданд. Мақомоти интизомиву амниятии Тоҷикистон ба дунболи амалиёт дарм аҳаллаи "Гулистон"-и Душанбе чунин амалиётро алайҳи пайравони Ҷамоати Таблиғ дар навоҳии дигари кишвар низ ба роҳ андохтанд.

Ин дар ҳолест, ки пайравони "Ҷамоаи Таблиғ" чанд сол ба ин сӯ дар навоҳии мухталифи Тоҷикистон ба таври озод фаъолият доштаанд ва пайравони ин созмон мегӯянд, ки онҳо кадом аҳдофи сиёсиеро дунбол намекунанд ва танҳо ҳадафи онҳо таблиғи арзишҳои исломӣ ва даъват будааст.

Юсуф Кавраков, вакили мудофеъи афроди муттаҳам ба ҳамкорӣ бо ҷамоаи манъшуда гуфт, як иттиҳоми асосӣ алайҳи нафарони муваккили ӯ узвият дар созмонест, ки фаъолияташ ҳанӯз дар соли 2006 манъ шудааст.

Аммо ӯ мегӯяд, ки ҳатто аксари мақомот худ хабар надоштанд, ки фаъолияти "Ҷамоаи Таблиғ" дар Тоҷикистон расман манъ шудааст ва аз ин рӯ, ба фаъолияти пайравони ин ҳаракат чандон мамониат намекарданд. Аммо оқои Кавраков аз гуфтани ҷузъиёти бештар дар бораи ин парванда худдорӣ кард.

Тибқи иттилое, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пайи боздошти нахустин пайравони Ҷамоаи Таблиғ нашр кард, созмони «Ҷамоаи Таблиғ» як ҷараёни мазҳабии экстремистӣ буда, фаъолонаш асосан дар муассисоти вижаи Покистон, Ҳиндустон ва Индонезия таҳсил карда, масҷидҳоро мавзеъи асосии «фаъолияти миссионерӣ»-и худ ихтиёр кардаанд. Вазорати умури дохилӣ вуҷуд ва фаъолияти Ҷамоаи Таблиғро хатар ба амнияти Тоҷикистон хондааст.

Маҳмадуллоҳ Асадуллоҳзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар моҳи апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, Ҷамоаи таблиғ ба амнияти Тоҷикистон мисли Ҳизбуттаҳрир хатар дорад ва инро далелҳои шайъӣ, ба монанди китобу навиштаҳову варақаҳое, ки аз онҳо мусодира карда шудааст, нишон медиҳад.

Оқои Асадуллозода дар он сӯҳбат гуфт, ҳоло пурсуҷӯ идома дорад ва имкон дорад боз чанд тани дигар ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Вай афзуд: «Дуруст аст, ки «Ҷамоаи Таблиғ» як созмони ҷадид набуда, аз рӯи далелҳо, шохаҳои он то ба Покистону Ҳиндустон мерасад. Ва аз рӯи маълумоте, ки аз онҳо (аъзои «Ҷамоаи таблиғ») гирифта шудааст, онҳо дар ин кишварҳо ба амалҳои террористӣ даст мезаданд ва, ба қавли худашон, ҳадафи таъсиси як давлат - хилофати исломиро доранд. Ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар фаъолияти онҳо дида мешавад. Ва дар соли 2006 додгоҳи олӣ ин созмонро дар қаламрави Тоҷикистон мамнуъ эълон карда буд. Яъне инҳо низ мисли созмони мамнӯъи «Ҳизбуттаҳрир» ҳадафи таъсиси як хилофати исломӣ дар ин кишварро доранд. Ва бори дигар мегӯям, ки барои ҳамин додгоҳи олӣ дар соли 2006 фаъолияти онро мамнӯъ эълон кард. Барои чунин тасмим нахуст гурӯҳи мутахассисон ва таҳлилгарон фаъолияти ин гурӯҳро бо назардошти ин, ки то куҷо ба амнияти Тоҷикистон хатар дорад, мавриди омӯзиш қарор дода буданд»

Бар асоси манобеи интернетӣ, "Ҷамоаи таблиғ" дар охирҳои соли 1920 дар Ҳиндустон таъсис ёфтааст. Зимнан дар шумори пайравони ин гурӯҳ дар Тоҷикистон шогирдони мадориси исломии кишварҳои арабӣ ва Покистон низ фаъолият мекардаанд.

Аммо пайравони ин ҳаракат дар Тоҷикистон мегӯянд, ки онҳо ба ҷуз аз таблиғу ташвиқи ислом ва мазҳаби Ҳанафия – мазҳаби расман эътирофкардаи давлати Тоҷикистон, ба ҳеҷ фаъолияти сиёсӣ ё ғайр машғул нестанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG