Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон посухи Амрикоро мунтазиранд


Мавлавӣ Сангин, як фармондеҳи Толибон, ки як сарбози 23-солаи амрикоиро дар асорат нигоҳ медорад, гуфт, ки онҳо қабл аз иттихози тасмим дар мавриди сарнавишти Боув Бергдал мунтазиранд, ки Амрико ба талаботи онҳо чӣ посух медиҳад. Ин нахустин хабар дар бораи ин сарбози асир ба дунболи нашри навори видиёии ӯ дар таърихи 18 июл аст.
Мавлавӣ Сангин гуфт, тақдири Бергдал дар дасти раҳбарияти Толибон, аз ҷумла Мулло Умар аст. Қаблан як сухангӯи Мавлавӣ Сангин гуфта буд, ки агар Амрико ҳамлаҳои ҳавоияш ба 2 минтақа дар шарқи Афғонистонро бас накунад, ин сарбози асир ба қатл расонда хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG