Пайвандҳои дастрасӣ

Марги фоҷиавии корманди САҲА дар Харангон


Корманди лаҳистонии дафтари САҲА дар Тоҷикистон Чеслав Белявский рӯзи якшанбе аз як кӯҳ дар минтақаи Харангон, 10-километрии шимоли Душанбе, сарозер шуда, ба таври фоҷиавӣ ҳалок шудааст. Раҳбари дафтари САҲА Владимир Пряхин гуфт, ки рӯз рӯзи истироҳат буд ва Белявский дар Харангон ҳамчун кӯҳнаварди касбӣ ба 6 корманди дигари сафоратҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дарси кӯҳнавардӣ медод. Қарор аст, салоти ҷанозаи Белявский имрӯз дар калисои католикии Душанбе доир шуда, шоми 10 август тобути ӯ ба ватанаш –Лаҳистон фиристода шавад.
XS
SM
MD
LG