Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори СММ дар робита ба интихоботи Афғонистон


СММ ҳушдор дод, ки ҳамалоти чирикиҳо метавонад монеъи ширкати шумори зиёди мардум дар интихоботи рӯзи 20 августи раёсатҷумҳурии Афғонистон шавад.
СММ дар гузорише, ки 10 рӯз пеш аз ин маърака нашр кард, мегӯяд, адами амният алакай ба пешбурди маъракаҳои пешазинтихоботии номзадҳо таъсир гузошта, имкони “шумори қобили мулоҳизаи мардуми афғон барои истифода аз ҳаққи ширкат дар интихоботро” дучори хатар кардааст.
Толибон ихтор додаанд, ки монеъи тадвири интихоботи рӯзи 20 августи раёсатҷумҳурӣ ва маҷлисҳои вилоятӣ хоҳанд шуд. Мизони хушунат ба хусус дар вилоёти ҷануб ва шарқи Афғонистон ба ҳадди аз соли 2001, яъне аз замони суқути давлати Толибон, ба ин сӯ бесобиқа афзоиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG