Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷилавгирӣ аз 4 мавриди қочоқи осори таърихӣ


Раҳбари бахши гумруки гузаргоҳи Панҷи поён дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон Ҷумъахон Раҷабов гуфтааст, ки маъмурони гумрук дар ин гузаргоҳ танҳо дар соли равон аз 4 мавриди ба хориҷи кишвар қочоқ шудани осори гаронбаҳои таърихӣ ҷилавгирӣ кардаанд. Ахиран дар Панҷи поён як шаҳрванди Афғонистон ҳангоми талоши қочоқи 6 тангаи қадимаи нуқрагии марбут ба асрҳои то мелод боздошт шуд.
Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, қочоқбар ҷарима баста шуда, тангаҳои қочоқӣ ба фоида осорхонаҳои ин кишвар мусодира карда мешаванд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG