Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико мунтазири посухи Эрон нишастанӣ нест


Вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт, Амрико дар мавриди пушти мизи музокироти барномаҳои ҳастаияш баргаштани Эрон орзуи ботил надорад ва чандон зиёд мунтазири посухи Теҳрон нахоҳад нишаст. Клинтон ва мушовири амнияти миллии маъмурияти Амрико Ҷеймс Ҷонс ҳарду гуфтанд, ки Амрико интихоби зиёде надорад ва маҷбур аст, бо давлати раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод муомила кунад.
Клинтон гуфт, ки Вошингтон талошҳояш ҷиҳати ҷалби Эрон ба музокиротро дар моҳи сентябр бозбинӣ хоҳад кард.
Амрико дар моҳи апрел гуфт, мехоҳад ки Эрон ба музокироти барномаҳои ҳастаияш бо 5 узви доимии Шӯрои Амният бо иловаи Олмон баргардад. Аксари қудратҳо бар ин боваранд, ки Эрон талош дорад, ба сохтани силоҳҳои ҳастаӣ даст биёбад. Вале Теҳрон инро радд мекунад ва мегӯяд, ҳадаф аз барномаҳои ҳастаияш даст ёфтан ба тавлиди нирӯи барқи ҳастаист.
XS
SM
MD
LG