Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба марги Маҳсуд "90 фоиз" мутмаин шудааст


Кохи Сафед мегӯяд, хабари ҳалокати раҳбари Таҳрики Толибони Покистон Байтуллоҳ Маҳсуд тақрибан рӯшан шуда ва ҳалокати Маҳсуд алакай боиси набард барои касби қудрат дар дохили ин гурӯҳ шудааст. Мушовир дар умури амнияти миллӣ Ҷеймс Ҷонс гуфт, мақомоти Амрико “90 дарсад” мутмаин шудаанд, ки Маҳсуд дар натиҷаи ҳамлаи мушакии рӯзи чоршанбеи гузаштаи нирӯҳои Амрико ба ҳалокат расидааст.
Ҷонс бурузи ихтилофи назарҳо дар байни раҳбарони боқимондаи Толибони Покистонро таъйид кард, вале гуфт, хабари кушта шудани боз як фармондеҳи ин гурӯҳи ошӯбгар дар ҷараёни набардҳо барои касби қудрат дар дохили Толибонро ҳанӯз тасдиқ карда наметавонад.
Қаблан, Валиурраҳмон, яке аз раҳбарони Толибони Покистон, хабари задухӯрд байни гурӯҳҳои мухталифи ин созмонро радд карда буд.
XS
SM
MD
LG