Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Паёми қавӣ-и Амрико ба давлати Эрон


Ҳукумати Амрико мегӯяд, бо ирсоли “паёми қавие” ба Эрон аз ин кишвар хостааст, се амрикоиро раҳо кунанд, ки дар марзи Ироқ роҳгум зада, вориди Эрон шудаанд. Ҷеймс Ҷонс – мушовири амнияти миллии ҳукумати Амрико ба телевизиони Эн Би Си гуфт, Эрон имрӯз расман боздошти се саёҳи кӯҳнаварди амрикоиро таъйид кардааст. Ду мард ва як духтари амрикоӣ моҳи гузашта ҳангоми саёҳат дар як минтақаи марзии Курдистони Ироқ ба хоки Эрон ворид ва аз тарафи марзбонони ин кишвар боздошт шуданд.
XS
SM
MD
LG