Пайвандҳои дастрасӣ

Қурбонии аввали зукоми хук дар Ироқ


Вазорати беҳдошти Ироқ имрӯз нахустин мавриди ҳалокат аз бемории зукоми хукро таъйид кард. Умар –Ал-Хузойӣ, муовини вазири беҳдошти Ироқ гуфт, зани ҷавоне, ки бар асари зукои хук фавтидааст, аз қабл бемориҳои дигар дошта ва дар шароити баде дар шаҳри ҷанубии Наҷаф зиндагӣ мекардааст. Хуруҷи бемории зукоми хук, моҳи июни соли равон ба сатҳи пандемия ва ё густариши саросарӣ расид, ба тахмини Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, дар ниҳоят ба 2 миллиард нафар сокини курраи Замин асар хоҳад кард. Вируси бемории мазкур аз моҳи апрел то кунун 800 нафарро дар саросари ҷаҳон куштааст.
XS
SM
MD
LG