Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзноманигор 3 сол маҳкум ба зиндон шуд


Рамазон Есергеповро пас аз чопи мақолае дар бораи фаьолияти кумитаи амнияти Қазоқистон бо иттиҳоми ифшои сирри давлатӣ мақкум ба зиндон карданд

Рамазон Есергеповро пас аз чопи мақолае дар бораи фаьолияти кумитаи амнияти Қазоқистон бо иттиҳоми ифшои сирри давлатӣ мақкум ба зиндон карданд

Рамазон Есергепов, сардабири нашрияи мустақили «Алмати-инфо» ба муддати 3 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Ба гуфтаи Ермек Болтай, хабарнигори бахши қазоқии родиои «Озодӣ» , ки дар мурофиа ширкат дошт, додгоҳи шаҳри Тароз ин ҳукмро шанбеи 8 август содир кард ва Есергепов барои ифшои сирри давлатӣ чунин маҷозот гирифт.

Ҳамчунин додгоҳ ӯро ба муддати ду сол аз фаьолият дар воситаҳои ахбори умум маҳрум кардааст.

Додгоҳ Султон Маҳмадов, раиси ширкати саноативу тиҷоратии БМ - яке аз бузургтарин ширкатҳои хусусии кишварро ба муддати 7 сол ва муҳофизи ӯ - Ерлан Сандибоевро ба 8 сол маҳкум ба зиндон кард. Муҳофизи дигари Маҳмадов Вадим Синявский барои ду сол шартан аз озодӣ маҳрум шуд.

Тавре Равшан Есергепова, ҳамсари рӯзноманигор дар сӯҳбати телефонӣ бо родиои «Озодӣ» гуфт, додгоҳ ҳукми хешро паси дарҳои баста содир кард ва ба мурофиа на хешовандони муттаҳамон ва на рӯзноманигорону намояндагони созмонҳои байналмилаливу дипломатҳоро иҷоза надод.

Хонум Есергепова мегӯяд, ки ӯ интизор дошт, ақли солим пирӯз мегардад, вале ба андешаи вай, тасмим аз боло гирифта шуд ва додгоҳ чунин ҳукми шадид содир кард.

Мусатай Бектасов, вакили мудофеи Султон Маҳмадов, аз он нигарон шуд, ки ба онҳо ҳукми додгоҳро, ки 43 саҳифа аст, баьди содир шуданаш надоданд ва бо ҳамин аз як сӯ хилофи қонун рафтор карданд ва аз сӯи дигар барои ба додгоши таҷдиди назар муроҷиат кардани онҳо мушкилот эҷод намуданд.

Окои Бектасов, ки дар ҷараёни мурофиа ширкат дошт, гуфт, Рамазон Есергепов ба ҳукми додгоҳ комилан мухолиф аст, зеро ӯ вазифаи рӯзноманигориашро иҷро кардааст ва худро муҷрим намедонад.

Ин нуктаро Розлана Таукина, сарвари сандуқи ҳимояи ҳуқуқи рӯзноманингорон низ таькид кардааст ва гуфтааст, ки Есергепов бо чопи мақола баьзе паҳлӯҳои фаьолияти кумитаи амнияти миллии кишварро ошкор сохт ва инро ниҳоди амниятӣ бахшида наметавонад.

Равшан Есергепова, ҳамсари рӯзноманигор таькид кард, ки онҳо албатта, то ба охир талош хоҳанд кард ва ба додгоҳи олӣ ва ба кумитаи Созмони Милали Муттахид шикоят хоҳанд бурд.

Ёдовар мешавем, ки Рамазон Есергеповро барои чопи мақолае дар бораи фаьолияти кумитаи амнияти миллӣ ва ифшои сирри давлатӣ мақкум ба зиндон карданд. Ҳарчанд ин ниҳоди амниятӣ каблан бо пахши баёнияе таькид кард, ки ба ин қазия тобиши сиёси надиҳанд, вале рӯзноманигорон ва созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ бар инанд, ки ин парвандаи ҷиноӣ ҷанбаи сиесӣ дорад.

Худи рӯзноманигор низ баьди содир шудани ҳукм ва аз толори додгоҳ берун бурдани ӯ фарёд кардааст, ки ин нақзи озодии баён аст ва вай то ба пирӯзӣ расидан мубориза хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG