Пайвандҳои дастрасӣ

Чораҳои Вазорати тандурустӣ алайҳи таби хунӣ


Вазорати тандурустии кишвар мегӯяд, барои ҷилавгирӣ аз густариши бемории таби хунӣ дар ғарби кишвар чораҳои беҳдоштиро тақвият бахшидааст.

Бемории мазкур, ки ҳамин ҳафта дар ноҳияи Турсунзода хуруҷ кард, то кунун се нафарро куштааст.

Таби хунӣ бемории вирусии хатарнокест, ки зуд, ба ҷигар, медаву рӯда ва майнаи сари инсон осеб расонда ва дар сурати таъхир дар табобат, инсонро мекушад.

Доир ба иқдомоти вазорати беҳдошт ҷиҳати ҷилавгирӣ аз тавсеаи ин беморӣ хабарнигори радиои Озодӣ Раҳматкарими Давлат бо Аъзамҷон Мирзоев, муовини вазири тандурустӣ, сӯҳбате дошт, ки онро метавонед бо ангушт задан ба рамзи аудио дар гӯшаи "Чандрасонаӣ" бишнавед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG