Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷоли сахти Бритониёву Эрон


Бо идомаи муҳокимаи додгоҳӣ дар иртибот бо тазоҳуротҳои баъд аз интихоботӣ дар Эрон ин кишвар ва Бритониё ҳамдигарро башиддат танқид карданд. Чун дар миёне муттаҳамон дар муҳокимаи додгоҳӣ Ҳусейн Рассом - як корманди сафорати Бритониё дар Теҳрон ҳаст, Дейвид Миллибанд - вазири умури хориҷаи Бритониё, муҳокимаи ӯро “иғво” хонд. Рӯзномаи ҳукуматии “Эрон” дар як мақолае Бритониёро ба барангехтани ошӯбҳо муттаҳам карда ва сафорати он дар Теҳронро “мақарри фармондеҳии табаддулот” номидааст. “Кайҳон- рӯзномаи дигари муҳофизакорон дар Эрон низ сафорати Бритониёро “утоқи фармондеҳии ошӯбҳои хиёбонӣ дар Теҳрон” хондааст, ки ба гуфтаи рӯзнома бо Исроилу Амрико ҳамкорӣ доштааст. Рӯзи шанбе даҳҳо нафар аз тарафдорони дигари мухолифин дар Эронро дар додгоҳ муҳокима карданд. Пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи баҳсбарангези раиси ҷумҳурӣ дар рӯзи 12 июн сабаби тазоҳуроти азими мухолифон шуд, ки мегӯянд, интихобот олуда ба таққубкории зиёде будааст.
XS
SM
MD
LG