Пайвандҳои дастрасӣ

Санади хостании Душанбе тасвиб мешавад


Интизор меравад, нимаи моҳи оянда Порлумони Аврупо Паймони Мушорикат ва Ҳамкории Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистонро баррасӣ ва тасвиб кунад. Паймони мазкурро, ки соли 2004-ум имзо шудааст, рӯзи 16 сентябр Шӯрои Порлумони Аврупо ва ниҳоди иҷроияи Иттиҳодияи Аврупо баррасӣ хоҳад кард. Паймони Мушорикат ва Ҳамкории Иттиҳодияи Аврупо, санади қадимаи 20 солаи замони шӯравии собиқро иваз хоҳад кард, ки то кунун ҳамкории ду ҷониб бар асоси он ба роҳ монда шудааст. Дар сурати ниҳоӣ шудани санад, Тоҷикистон имкон пайдо мекунад, бидуни маҳдудият тавлидоти дохилиашро ба Иттиҳодияи Аврупо содир кунад ва ҳамингуна баръакс. Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, ин паймон дар таъмиқи ҳамкориҳои дуҷониба ва коҳиши камбизоативу рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG