Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Садамаи пурқурбонӣ дар рӯи рӯдхонаи Ҳудзон


Бар асари бархурди як ҳавопаймои кӯчак бо чархболи сажҳӣ дар рӯи рӯдхонаи Ҳудзон дар канори шаҳри Ню Йорк нуҳ нафар кушта шудаанд.

Тибқи иттилои мақомоти шаҳри Ню Йорк, дар чархболи суқуткарда, ки ба як ширкати саёҳӣ тааллуқ доштааст, халабони он ва панҷ саёҳи итолиёӣ ва дар ҳавопаймо - се нафар, аз ҷумла як тифл, ба қаъри рӯди Ҳудзон рафтаанд.

Ин садамаи ҳавоӣ дар минтақаи саёҳӣ ба вуқуъ пайвастааст ва ҳазорон нафар аз ду ҷониби рӯдхона шоҳиди он будаанд. Ба нақли шоҳидон, садама дар ҳавои софу беғубор рух додааст.

То ҳол танҳо ҷасади не нафари кушташудагон аз рӯдхона берун оварда шудааст. Сабабҳои вуқуи садамаи ҳавоӣ омӯхта мешавад

Тайи соли равон бори дуввум аст, ки дар рӯи рӯдхонаи Ҳудзон садамаи ҳавоӣ рух медиҳад. Моҳи январ як ҳавопамои мусофирбар бо 155 сарнишин ҳангоми шурӯи парвоз дар ҳаво дучори мушкил шуд, вале бо ҳамаи мусофиронаш амну саломат дар оби рӯдхонаи Ҳудзон фуруд омад.
XS
SM
MD
LG