Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интизороти Амрико аз ҳукумати Афғонистон


Ҳилларӣ Клинтон - вазири умури хориҷаи Амрико мегӯяд, кишвараш омода аст, бо ҳар ғолиби интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳур дар Афғонистон кор кунад. Хонум Клинтон гуфт, Амрико ба мудирияти беҳтаре аз тарафи ҳукумати Афғонистон пофишорӣ хоҳад кард, ки барои мубориза бо тундгароии исломӣ фавқуллода муҳим аст. Вазири умури хориҷаи Амрико афзуд, кишвараш талош дорад, то интихобот дар Афғонистон шаффофу одилона баргузор шавад. Ҳилларӣ Клинтон зимни гуфтӯгу бо телевизиони Си Эн Эн дар ин бора ибрози назар кард.
XS
SM
MD
LG