Пайвандҳои дастрасӣ

Вокуниши Иттиҳодияи Аврупо ба иқдоми Эрон


Давлатҳои Бритониё, Фаронса ва раҳбарияти Иттиҳодияи Аврупо муҳокимаи дастаҷамъии иддае аз тарафдорони мухолифин дар додгоҳи Теҳронро башиддат танқид карданд, ки дар миёни онҳо як омӯзгори фаронсавӣ ва кормандони сафоратҳои Бритониёву Фаронса ҳам ҳастанд. Дейвид Миллибанд – вазири умури хориҷаи Бритониё, муҳокимаи Ҳусейн Рассом - корманди эронии сафорати кишвараш дар Теҳронро, як “иғво” хонд. Ҳукумати Фаронса хост, то Клодилда Рейс – омӯзгори забони фаронсавӣ ва Нозак Афшор – корманди сафорати Фаронса дар Теҳронро билофосила озод кунанд. Шветсия – раҳбари феълии Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ҳаргуна иқдом ба зидди яке аз кишвари узв иқдоме ба зидди тамоми Иттиҳодияи Аврупо маҳсуб мешавад, ки вокуниши муносибе ба он хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG